Ҳунармандони тоҷик меъёрҳои рангпардозии аврупоиро меомӯзанд

Намояндагони шаш корхонаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ аз Тоҷикистон рангпардозии мувофиқ ба меъёрҳои қабулшудаи Иттиҳоди Аврупоро меомӯзанд. Давраи омӯзишӣ аз 15-ум то 17-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор мегардад. Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ин давраи омӯзиширо бо ҳадафи мусоидат ба истеҳсолкунандаҳои маҳсулоти дастӣ аз Тоҷикистон дар дарёфти роҳашон ба бозорҳои аврупоӣ ва […]

Иттилоияи расмӣ

Намояндагони шаш корхонаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ аз Тоҷикистон рангпардозии мувофиқ ба меъёрҳои қабулшудаи Иттиҳоди Аврупоро меомӯзанд. Давраи омӯзишӣ аз 15-ум то 17-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор мегардад.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ин давраи омӯзиширо бо ҳадафи мусоидат ба истеҳсолкунандаҳои маҳсулоти дастӣ аз Тоҷикистон дар дарёфти роҳашон ба бозорҳои аврупоӣ ва тақвияти рақобатпазирии содиротияшон баргузор мекунад.

Лоиҳаи МТБ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешавад. Ширкати маъруфи ҳунармандии қирғиз – Тумар ба лоиҳа ҷалб шуда, ин давраи омӯзишӣ доир ба рангпардозиро мегузаронад.

Ин давраи омӯзишӣ ҷузве аз омодагиҳо ҷиҳати иштирок дар намоишгоҳи байналмилалии Ambiente мебошад, ки соли оянда дар шаҳри Франкфурти Олмон баргузор мегардад. Ҳадаф аз он ҳам баррасии сабақҳои омӯхташуда аз иштирокҳои қаблӣ дар намоишгоҳи Франкфурт ва кор сари дарк ва офариниши рангҳои мавриди писанди аврупоиҳо мебошад.

Бар иловаи омӯзиши рангпардозӣ ва василаҳои гуногуни он, иштирокчиёни давраи омӯзишӣ  аз бозорҳо, фурӯшгоҳҳо, ва корхонаҳои шаҳри Бишкек дидан мекунанд. Дарси комили амалии рангпардозӣ низ ҷузви ҳатмии давраи омӯзишӣ мебошад.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио