Муовини раиси парлумон ба марзбонон 200 китоб ҳадя кард

Муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев дар доираи як силсила вохӯриҳо ба аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба яке аз қисмҳои низомии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Ишкошим ташриф овард. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, А.Фелалиев пеш аз ҳама бо шароити зисту […]

Аваз Юлдошев

Муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев дар доираи як силсила вохӯриҳо ба аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба яке аз қисмҳои низомии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Ишкошим ташриф овард.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, А.Фелалиев пеш аз ҳама бо шароити зисту маишат ва хизмати сарбозон аз наздик шинос шуда, аз вазъу ҳолати он қаноатмандӣ изҳор намуд.

Ба гуфтаи манбаъ, сипас ӯ аз китобхонаи шахсии худ ба китобхонаи ин қисми ҳарбӣ 200 адад китобҳои гуногун тақдим намуда, зикр кард ки ин китобҳо ба сарбозоне, ки минбаъд таҳсилро дар мактабҳои олӣ давом доданианд, кумак хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.