Эмомалӣ Раҳмон ба нишасти ИДМ ба Бишкек раҳсипор шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон раҳсипор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар президентро муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, директори Агентии омори назди […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон раҳсипор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар президентро муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, директори Агентии омори назди президент Гулнора Ҳазанзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки дар ҳошияи кори ин нишаст дидору гуфтушунидҳои сарвари давлати Тоҷикистон бо чанде аз сарони кишварҳои узви Иттиҳод дар назар аст. Дар ин ҷаласа имзои 13 лоиҳаи санадҳо дар бахшҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, гуманитарӣ ва таъмини амният ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин нишаст сарони кишварҳои Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок намуда, Турманистонро – муовини раиси Девони вазирон, Молдоваро – нахуствазир, Ӯзбекистонро – вазири корҳои хориҷӣ ва Украинаро сафири ин кишвар намояндагӣ мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои нишаст қабули як қатор асноди бисёрҷониба, аз ҷумла изҳорот оид ба муқовимат ба терроризми байнулмилалӣ, мушкилоти муомилоти маводи нашъаовар, изҳорот доир ба 70-солагии трибунали Нюрнберг, қарорҳои тадорукотӣ, аз қабили раёсати Русия дар ИДМ соли 2017 дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.