Шавкат Мирзиёев номзад ба мансаби президенти Ӯзбекистон пешбарӣ шуд

Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон номзад ба мансаби расиҷумҳури кишвари ҳамсоя пешбарӣ шуд. Номзадии ӯро Ҳаракати соҳибкорон ва тоҷирон – Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон пешбарӣ кард. Дар ин бора ВАО-и Ӯзбекистон бо истинод ба Комиссияи интихоботи ин кишвар хабар медиҳанд. «Дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон номзадии Шавкат Мирзиёев ба интихоботи президенти Ӯзбекистон пешниҳод […]

Asia-Plus

Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон номзад ба мансаби расиҷумҳури кишвари ҳамсоя пешбарӣ шуд.

Номзадии ӯро Ҳаракати соҳибкорон ва тоҷирон – Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон пешбарӣ кард. Дар ин бора ВАО-и Ӯзбекистон бо истинод ба Комиссияи интихоботи ин кишвар хабар медиҳанд.

«Дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон номзадии Шавкат Мирзиёев ба интихоботи президенти Ӯзбекистон пешниҳод шуд», – қайд мешавад дар саҳифаи Фейсбуки Комиссияи интихоботи ин кишвар.

Санадҳо доир ба пешбарии Шавкат Мирзиёев ба сифати номзад ба мансаби президенти Ӯзбекистон баъди тасдиқи он дар Шӯрои сиёсӣ ба Комиссияи интихобот пешниҳод мегарданд. Ғайр аз ин, номзадии Ш.Мирзиёев бояд дар анҷуман аз ҷониби аъзои ҳизб тасдиқ шавад.

Ёдрас мекунем, ки нахустин президенти Ӯзбекистон санаи 2 сентябр бар асари хунравӣ ба мағзи сар дар синни 79-солагӣ аз олам даргузашт. Рӯзи 3 сентябр ҷасади ӯ дар маҷмааи Шоҳи Зинда дар зодгоҳаш – шаҳри Самарқанд ба хок супурда шуд.

Шавкат Мирзиёев муваққатан иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон таъин карда шуд. Раиси сенат (парлумон) Неъматулло Юлдошев, ки тибқи қонун бояд ин вазифаро ба дӯш мегирифт, худаш аз иҷрои ин вазифа даст кашид.

Маъракаи интихоботи президенти Ӯзбекистон санаи 4 декабри соли равон доир мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.