Шоир: замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар Ӯзбекистон китобҳои тоҷикиро нобуд карданд

Шоири тоҷикзабон, нависанда ва муҳаққиқи Ӯзбекистон Ҳаёт Неъмат дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» дар бораи чӣ гуна тағйир ёфтани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баъди даргузашти Ислом Каримов ибрози назар кард. – Шумо муддати тӯлониест дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунед, вале аз рӯйдодҳои Тоҷикистон ҳам огаҳӣ доред. Ба назари шумо, сабаби муносибатҳои душвор миёни кишварҳои мо давоми ин солҳо […]

Asia-Plus

Шоири тоҷикзабон, нависанда ва муҳаққиқи Ӯзбекистон Ҳаёт Неъмат дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» дар бораи чӣ гуна тағйир ёфтани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баъди даргузашти Ислом Каримов ибрози назар кард.

– Шумо муддати тӯлониест дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунед, вале аз рӯйдодҳои Тоҷикистон ҳам огаҳӣ доред. Ба назари шумо, сабаби муносибатҳои душвор миёни кишварҳои мо давоми ин солҳо дар чист?

– Ман ҳозир ҳам дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунам, вале шурӯъ аз соли 1973 зуд-зуд ба Тоҷикистон меоям. То соли 1992 ва ё ҳатто 1996 муносибатҳо муътадил буданд, вале аз оғози рӯйдодҳои моҳи феврали соли 1990 онҳо хеле бад шуданд. Дар хотир дорам, он рӯзҳо ман ба Душанбе омада будам, то ки дар гирдиҳамойӣ сухан бигӯям ва хеле дарднок сухан гуфта будам, чунки ҳамаи ин ба мо хеле таъсири зиёд расонд…

Сипас ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуд. Ин ҷо мардум якдигарро ҷисман нобуд мекарданду моро дар Ӯзбекистон аз нигоҳи маънавӣ мекуштанд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба мо, тоҷикони Ӯзбекистон хеле таъсири манфӣ ба бор овард. Қариб ҳамаи мактабҳои тоҷикӣ баста шуданд. Тамоми китобҳои замоне дар Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ нашршуда гирифта шуданд. Ҳатто «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, маҷмӯаҳои ғазалҳои Ҳофиз Саъдӣ, Ҷомӣ ва ғайра – ҳамаро гирифта, нобуд сохтанд, ки наздики 2-2,5 млн. нусха китоб буд! Ана ба чӣ гуна ҳол овард моро ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон.

Сипас раводид ҷорӣ карданд… Дар робита ба сари ҳокимият омадани шахси нав дар Ӯзбекистон, албатта, гарм шудани муносибатҳоро мехоҳем. Нахуст аққалан раводидро бекор кардаву баргузории даҳаҳои фарҳангу адабиётро барқарор мекарданд. Ин як иқдоме хоҳад буд, ки мардуми ҳарду кишвар солҳои тӯлонӣ онро орзу доранд.

Шакли пурраи мусоҳибаро дар шумораи тозаи газетаи «Азия-Плюс» рӯзи панҷшанбе, 22 сентябр мутолиа карда метавонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.