Окcфорд ба унвони беҳтарин донишгоҳи ҷаҳон сазовор дониста шуд

Date:

Донишгоҳи Оксфорди Бритониё унвони беҳтарин донишгоҳи ҷаҳонро касб кард. Ин баҳогузорӣ аз сӯи нашрияи Times Higher Education ва хабаргузории Reuters ташкил шудааст.

Тавре Хадамоти иттилоотии Осиёи Марказӣ (Служба новостей Қентралӣной Азии) хабар медиҳад, бори аввал аст, ки дар таърихи 13-солаи ташкили чунин баҳогузорӣ донишгоҳи ғайриамрикоӣ соҳиби мақоми баландтарин мешавад. Қадимтарин донишгоҳи англисзабони ҷаҳон – Оксфорд соли 1096 таъсис шудааст. Дар панҷ соли гузашта Донишкадаи технологии Калифорнияи ИМА пайваста мақоми аввалро соҳиб мешуд.

Ба ин тартиб, соли ҷорӣ мақоми дувумро Донишкадаи технологии Калифорния, мақоми севумро донишгоҳи Стэнфорди Калифорния, мақоми чор – Кембриҷи Бритониё ва ғайра соҳиб шудаанд.

Ин раддабандӣ бар асоси корҳои илмии донишгоҳҳо, рисолаҳои илмӣ, мақолаҳо, ақидаи ҷомеаи коршиносонӣ тартиб ёфтааст.

Танҳо як донишгоҳи Русия – МГУ (Донишгоҳи давлатии Москва) дар рӯйхати 200 донишгоҳи беҳтарин шомил шуда, мақоми 188-ро касб кардааст. Соли гузашта чаҳор донишгоҳи Русия шомили ин рӯйхат шуда буданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...