Шаҳрдори Бишкек: 29 қитъаи заминро қонунӣ харидам

Албек Ибраимов, шаҳрдори Бишкек гуфтааст, заминҳое, ки ба вай тааллуқ доранд на дар пойтахти Қирғизистон, балки дар вилояти Чуйи ин кишваранд. Дар ин бора Хадамоти иттилооти Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи вай, тақрибан ҳамаи 29 қитъаи замини дар эъломия овардааш заминҳои кишоварзианд. "Ин заминҳо хеле пештар, дар раванди тақсимот ва хусусигардонӣ аз шахсоне, ки […]

Хадамоти иттилооти Осиёи Марказӣ

Албек Ибраимов, шаҳрдори Бишкек гуфтааст, заминҳое, ки ба вай тааллуқ доранд на дар пойтахти Қирғизистон, балки дар вилояти Чуйи ин кишваранд. Дар ин бора Хадамоти иттилооти Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи вай, тақрибан ҳамаи 29 қитъаи замини дар эъломия овардааш заминҳои кишоварзианд.

"Ин заминҳо хеле пештар, дар раванди тақсимот ва хусусигардонӣ аз шахсоне, ки мехостанд фурӯшанд, харидорӣ шудаанд", – афзудааст вай.

Хадамоти давлатии кадрии Қирғизистон ахиран эъломияи даромади шаҳрдори Бишкекро нашр кардааст. Бар пояи он, Ибраимов соҳиби 29 қитъаи замин аст, ки ҳар яке аз 1,5 то 7 гектар масоҳат доранд.

Дар ин эъломия ҳамчунин аз даромади 33 миллион сомии (тақрибан 3,3 миллион сомонӣ) Ибраимов хабар дода шудааст. Тойирбек Сарпашов, сардори Хадамоти давлатии бақайдгирии Қирғизистон гуфтааст, ки Ибраимов 12 майи соли 2015 ба Алмосбек Отамбоев, президенти ин кишвар 2,7 гектар заминро бар ивази 33 миллион сом фурӯхтааст.

Қаблан Омурбек Текебоев, раҳбари ҷиноҳи "Ота-Макон" атрофиёни президенти Қирғизистонро ба он айбдор кард, ки қитъаи замини ТНК "Дастан", – воқеъ дар деҳаи Кой-Тошро ғасб кардаанд ва ҳоло дар он барои Отамбоев хона месозанд. Ба гуфтаи Текебоев, ин заминро 7 майи соли 2015 ба исми ҳамсари шаҳрдори Бишкек Айнура Ибраимова ба қайд гирифта, баъдан ба Отамбоев фурӯхтаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио