Сархушии ронанда ба ҳалокати 5 нафар боис гардид

Садамаи нақлиёт, ки рӯзи 22 сентябр дар қаламрави деҳаи Навбаҳор рух дод, ба ҳалокати 5 нафар оварда расонид. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар мавриди ин ҳодиса маълумот медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Навбаҳори ноҳияи Ҳисор ронандаи 23-солаи автомашинаи тамғаи «Митсубиси», сокини ҳамин ноҳия дар ҳолати мастӣ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда наметавонад […]

Asia-Plus

Садамаи нақлиёт, ки рӯзи 22 сентябр дар қаламрави деҳаи Навбаҳор рух дод, ба ҳалокати 5 нафар оварда расонид.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар мавриди ин ҳодиса маълумот медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Навбаҳори ноҳияи Ҳисор ронандаи 23-солаи автомашинаи тамғаи «Митсубиси», сокини ҳамин ноҳия дар ҳолати мастӣ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда наметавонад ва дар натиҷа автомашина ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи марди 41-солаи сокини ноҳияи Бохтар бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, бар асари ин садамаи марговар 5 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, мусофирони автомашинаи мазкур занҳои 41 ва 47-солаи сокинони шаҳри Сарбанд, зани 53-сола ва марди 53-солаи сокинони шаҳри Қурғонтеппа ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Зикр мегардад, ки дар ин бархӯрд, мусофири автомашинаи «Опел-Астра», писарбачаи 12-сола, ронандаи автомашинаи тамғаи “Митсубиси” ва мусофири ҳамин автомашина марди 25-солаи сокини ноҳияи Ҳисор зинда монда, бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гаштаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио