Аслов: Дар сурати мавҷуд будани иродаи сиёсӣ ҳалли мушкилоти об имконпазир аст

Зимни суханронӣ дар музокироти умумии Маҷмаи умумии СММ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов изҳор намуд, ки дар сурати мавҷуд будани иродаи сиёсӣ ва бахусус таҳкими ҳамкориву ҳамоҳангсозӣ, ҳаллу фасли мушкилоти об имконпазир аст. «Мо мушоҳида кардем, ки вақте кишварҳо ё минтақаҳо масъалҳои марбут ба обро муҳим мешуморанд, ҳаллу фасли онҳо кори имконпазир аст. Як […]

Пайрав Чоршанбиев

Зимни суханронӣ дар музокироти умумии Маҷмаи умумии СММ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов изҳор намуд, ки дар сурати мавҷуд будани иродаи сиёсӣ ва бахусус таҳкими ҳамкориву ҳамоҳангсозӣ, ҳаллу фасли мушкилоти об имконпазир аст.

«Мо мушоҳида кардем, ки вақте кишварҳо ё минтақаҳо масъалҳои марбут ба обро муҳим мешуморанд, ҳаллу фасли онҳо кори имконпазир аст. Як чиз возеҳ аст: давлатҳо ва ҷомеаи байнулмилалӣ дар маҷмӯъ бояд ҳамроҳ кор кунанд, кӯшишҳои ҳамоҳангшуда ба харҷ дода, тадбирҳо дар ин соҳаро мувофиқа созанд», – иттилоъ медиҳад Маркази иттилооти СММ бо истинод ба гуфтаҳои вазири тоҷик.

Аслов қайд кардааст, ки ин масъала бахусус ба захираҳои обӣ дахл дорад, ки дар бахшҳои гуногун, аз қабили тандурустӣ, кишоварзӣ, энергетика ва ғайра истифода шуда, аз он дар як вақт ҷамоатҳо ва кишварҳои гуногун баҳра мебардоранд.

Вазир хотиррасон кардааст, ки дар симпозиуми моҳи августи Душанбе, ки аз ҷониби Тоҷикистон ва СММ созмон дода шуд, Даъват ба амал дар соҳаи дастрасӣ ба об ва санитария қабул шуд. Ӯ ҳамчунин изҳори умедворӣ намуд, ки Маҷмаи Умумии СММ аз ташаббуси давраи солҳои 2018-2028-ро даҳсолаи «Об баҳри ҳаёт» эълон кардан дастгирӣ мекунад.

Сироҷиддин Аслов таъкид дошт, ки дар Рӯзномаи нави рушди устувори инсоният дар 15-солаи наздик об ба сифати яке аз таркибҳои муҳимтарини рушд дониста мешавад ва иҷрои вазифаҳои дар ин самт гузошташуда имконпазиранд.

Қобили зикр аст, ки қаблан вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов низ дар ин чорабинии СММ суханронӣ намуда, дар робита ба мушкилоти хушкшавии баҳри Арал бори нахуст тайи солҳои ахир аз нигарониҳо нисбати сохтмони иншооти нави бузурги гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳарфе нагуфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.