Баррасии масоили таҳдидҳо аз Афғонистон дар вохӯрии А.Қаҳҳоров ва Н.Бордюжа

Date:

Дар ҷараёни сафири дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа ба Тоҷикистон дар Душанбе мулоқоти ӯ бо котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров доир гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба омодагӣ ба иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, ҷаласаҳои муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шӯрои амнияти СААД, ки баргузоришаон рӯзҳои 13-14 октябр дар Ереван ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ шуданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалахои вазъи амният дар ҷаҳону минтақа, таҳдиду чолишҳо ба кишварҳои узви СААД, аз ҷумла аз Афғонистон бармеомада табодули назар карданд.

Имрӯз дидору гуфтушуниди дабири кулли СААД бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки дар Шӯроҳои Ереван баррасии лоиҳаи Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД «Дар бораи вокуниши кишварҳои узви СААД ба ҳолатҳои фавқулода», масоили густариши ҳамкориҳо бо созмонҳои байнулмилалӣ бо мақсади истифодаи имконоти онҳо дар кумак ба ҷабрдидагон аз ҳолатҳои фавқулода, рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои оид ба амалисозии самтҳои асосии рушди низоми вокуниши дастаҷамъонаи кишварҳои узви СААД ба ҳолатҳои фавқулода дар назар аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...