Нисбат ба буҳрони солҳои 2008-2009 буҳрони ҳозира барои ТАЛКО душвортар аст

Date:

Нисбат ба буҳрони солҳои 2008-2009 буҳрони ҳозира ба саноати алюминий таъсири бешар манфӣ расонид, ки дар навбати аввал ба истеҳсоли барзиёд, таназзули нархҳо дар Биржаи металлҳои Лондон ва афзоиши арзиши аслии маҳсулот марбут аст.

Тавре ба «Азия-Плюс аз КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) дар ин робита иттилоъ доданд, босуръат поинравии арзиши алюминий дар бозорҳои ҷаҳон, ки моҳи июли соли 2013 шурӯъ шуда, то ҳозир идома дорад, ба он оварда расонид, ки тақрибан 80%-и истеҳсолкунандагони ин навъи металл бидуни ба даст овардани фоида кор карда, ба аксари онҳо зиёни зиёди молӣ расидааст.

«Талафоти назарраси ТАЛКО ба ҷуз тарифҳои баланд ба сӯзишвориву нерӯи барқ, аз омилҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ вобаста нестанд. Талафоти ширкат бештар ба масоили ҳамлу нақл, дур будан аз сарчашмаҳои навъҳои асосии ашёи хом ва ҳамчунин коҳиши нархи алюминий дар биржаи Лондон марбут аст», – гуфтанд дар ширкат.

Бино ба маълумоти Биржаи металлҳои Лондон, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ нархҳо ба алюминийии аввалия ба ҳисоби миёна қариб ба 200 доллари ИМА – аз 1760 то ба 1566 доллари ИМА поин рафтаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин шароит ТАЛКО маҷбур аст, ки дар реҷаи зиддибуҳронӣ кор кунад. «Баҳри амалисозии қарорҳои муҳими стратегӣ, ки ба барқарор намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ, азнавсозии фондҳои асосӣ, таъмир ва таҷдиди таҷҳизоти амалкунанда ва ҷорисозии технологияҳои навтарини пурсамар нигаронида шуда, ҳадафи аслии он афзоиши ҳаҷми алюминий мебошад, ҳамаҷониба тадбирҳо андешида мешаванд», – қайд карданд дар ТАЛКО.

Дар ширкат то ахири соли равон коҳиши нишондиҳандаҳои пешбинишуда оид ба истеҳсоли алюминии аввалия тақрибан ба андозаи 5,3%-ро аз эҳтимол дур намедонанд. «Шояд то охири сол ба ҷойи 158 ҳазор тоннаи пешбинишуда, 150 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шавад», – илова карданд дар ширкат.

Қобили зикр аст, ки тайи чанд соли ахир ТАЛКО ба вазъи мушкили моливу иқтисодӣ дучор шуда, истеҳсоли алюминий аз 420 ҳазор тонна дар соли 2007 то ба 125 ҳазор тонна дар соли 2014 коҳиш ёфт.

Нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ТАЛКО беш аз 73 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 14% зиёдтар аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...