Баъди 15 рӯз 3 нафар кӯдакони тоҷик, аз ҷумла тифли 6-моҳа, ки мақомот ғайриқонунӣ барои тарбияву ба воя расонидан ба як оилаи рус дода буданд, аз Русия ба Тоҷикистон фиристода мешаванд.
Котиби матбуотии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Сарвар бахтӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мақомоти парастории Русия кӯдаки 6-моҳаро, ки модараш – шаҳрванди Тоҷикистон аз тарбияаш даст кашидааст, ғайриқонунӣ ба сокини шаҳри Маскав Ҳилола Егорова додаанд ва баъди муроҷиати сафорат ба Вазорати корҳои хориҷии Русия, суди шаҳри Маскав дар бораи ба Тоҷикистон баргардонидани кӯдак қарор содир намуд.
«Қонунҳои Тоҷикистон барои шаҳрвнадони хориҷӣ кӯдаконро ба фарзандӣ гирифтанро манъ мекунанд. Аз ин рӯ, намояндагони консулгарӣ барои баргардонидани ӯ ба ватан муроҷиат намуда, ҳамаи ҳуҷҷатҳо аллакай омода шудаанд», – иброз дошт ӯ.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки 3 нафар кӯдакон, аз ҷумла 2 нафари дигар, ки дар муассисаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони ашҳри Маскав қарор доштанд, ба Душанбе баргардонида мешаванд. «Онҳо ҳамин сол ба дунё омада, комилан солиманд», – илова кард Сарвар Бахтӣ.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 20 сентябр додгоҳи ноҳияи Бутирскии шаҳри Маскав ҳукм кард, ки ҷараёни ба фарзандӣ хондани тифли ятими тоҷик бо нақзи муқаррароти байналмилалӣ сурат гирифтааст ва ин кӯдак бояд ба Тоҷикистон баргардонида шавад.
Дар навбати худ, сокини шаҳри Маскав Ҳилола Егорова, ки ин кӯдакро ба фарзандӣ қабул карда буд, ба унвони президенти Тоҷикистон бо нома муроҷиат карда, дархост кард, ки ба ҳоли ӯ раҳм кунанд.


