Машғулият оид ба мудофиаи гражданӣ дар Вазорати маориф

Дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо мутахассисони соҳаи мудофиаи граждании хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 дар бораи сохтор ва тартиби фаъолияти Низоми ягонаи давлатии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва ҷамъбасти фаъолияти соҳаи мудофиаи гражданӣ […]

Иттилоияи расмӣ

Дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо мутахассисони соҳаи мудофиаи граждании хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 дар бораи сохтор ва тартиби фаъолияти Низоми ягонаи давлатии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва ҷамъбасти фаъолияти соҳаи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда дар нуҳмоҳаи соли 2016 ва вазифагузорӣ барои ҷамъбасти соли ҷорӣ семинар –машғулият баргузор гардид, ки дар он кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон иштирок карданд.

Ҷаласаро муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Усмонзода Фатҳиддин оғоз намуда, иштирокчиёни семинар машваратро  оид ба рафти фаъолият ва бурду бохт дар вазорат шинос кард.

Баъдан дар баромади худ сардори шўъбаи мутобиқати кор бо вазорату идораҳои Кумита полковник Мусамиров М. оид ба сиёсати Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда маълумот дод.

Инчунин, дар семинар кору фаъолияти дар самти мудофиаи граждании вазорату идораҳои Тоҷикистон дар нуҳмоҳаи соли 2016 дида баромада шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаи дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ вазифагузорӣ карда шуд.

Мақсади асосии баргузории чунин семинар-машғулият ин баланд бардоштаи малака ва донишҳои омўхта дар самти мудофиаи гражданӣ байни кормандони вазорату идораҳои дахлдор ва омода намудани онҳо ба ҳолатҳои фавқулодда мебошад.

Ногуфта намонад, ки ҳар семоҳа бо намояндагони сардорони самти мудофиаи граждании вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Кумита бо вазорату идораҳо семинар –машғулият гузаронида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.