Парлумон протоколи ҳифзи маълумоти махфӣ бо СААД-ро тасдиқ кард

Date:

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи таъмини мутақобилаи ҳифзи иттилооти махфӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)-ро ба тасвиб расонид.

Муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон Мансур Умаров қайд кард, ки ин протокол ба ташкили низоми таъмини амнияти иттилоотӣ, пешгирии амалҳои тахрибкорона бо истифода аз шабакаи Интернет, ҳамкорӣ дар самти ошкор кардани ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ содир мешаванду дар қонунгузории миллӣ ба он ҳамчун ҷиноят бар зидди сохти конститутсионӣ ва хатар ба амнияти кишвар баҳо дода мешавад, нигаронида шудааст.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин санад таъмини амнияти давлатҳо, аз ҷумла ошкор намудани нияту талошҳо зидди сохти конститутсионӣ пешбинӣ шудаааст. «Чунин ҳамкорӣ барои мо хеле муҳим аст», – гуфт ӯ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...