Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи иштироки ҷумҳурӣ дар Намоиши махсуси байнулмилалии «Остона – ЭКСПО 2017» қарор қабул кард.
Дар қарор дастур дода шудааст, ки дар назди ҳукумат Кумитаи тадорукот оид ба омодагии Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиш таъсис дода шавад. Муовини аввали нахуствазир Давлаталӣ Саид раиси Кумитаи тадорукот таъин шудаааст.
Бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, ба Палатаи мазкур ва Кумитаи рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ супориш шудааст, ки дар ҳамдастӣ бо вазорату идораҳои дахлдор номгӯи чорабиниҳои зарурӣ барои омодагӣ ва иштироки Тоҷикистон дар намоиши «ЭКСПО 2017»-ро таҳия намоянд.
Тибқи маълумоти сомонаи расмии «ЭКСПО 2017», то имрӯз иштироки худ дар ин намоишро 104 кишвар тасдиқ намуда, 98 давлат комисарони худро таъин ва 82 кишвар шартномаи иштирокро ба имзо расонидаанд.
Намоиши махсуси байнулмилалии «Остона – ЭКСПО 2017» дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона аз 10 июн то 10 сентябри соли 2017 баргузор мешавад. Дастандаркорони намоиш интизорӣ доранд, ки аз ин намоиш ҳудуди 5 млн. нафар боздид хоҳанд кард.
Қобили зикр аст, ки ҳайати Тоҷикистон қаблан дар намоиши байнулмилалии «ЭКСПО-67» (Монреал, Канада), «ЭКСПО – 70» (Осака, Япония), «ЭКСПО – 2000» (Ганновер, Олмон), «ЭКСПО – 2005» (Айчи, Япония), Намоиши ҷаҳонии универсалии «ЭКСПО-2010» (Шанхай, Чин), Намоиши ҷаҳонии «ЭКСПО-2012» (Ёсу, Ҷумҳурии Корея) ҳузур дошта буд.


