Ҷазо барои хиёнат ба давлат сангинтар мешавад

Дар сурати қабули тағйироту илова ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шудааст, шаҳрвандони гунаҳкор ба хиёнат ба давлатро дар Тоҷикистон метавонанд ба ҳабси абад маҳкум кунанд. Ҳукумати Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноии ҷумҳуриро таҳия ва онҳоро ҷиҳати баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон ирсол кардааст, ки дар онҳо сангинтар шудани ҷазо барои […]

Аваз Юлдошев

Дар сурати қабули тағйироту илова ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шудааст, шаҳрвандони гунаҳкор ба хиёнат ба давлатро дар Тоҷикистон метавонанд ба ҳабси абад маҳкум кунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноии ҷумҳуриро таҳия ва онҳоро ҷиҳати баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон ирсол кардааст, ки дар онҳо сангинтар шудани ҷазо барои хиёнат ба давлат пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи меъёрҳои амалкунандаи моддаи 305 Кодекси ҷиноии ҶТ, барои содир шудани ҷиноят бо аломатҳои хиёнат ба давлат аз 12 то 20 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи амвол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Бо пешниҳоди ҳукумат, ба моддаи мазкур қисмати нав илова мегардад, ки мувофиқи он барои содир шудани чунин ҷиноят аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ ва кормандони сохторҳои қудратӣ бо истифода аз мансаби хизматӣ, онҳо метавонанд ба муҳлати 25 соли зиндон бо мусодираи амвол ва дар ҳолатҳои истисноӣ ба ҳабси абад маҳкум шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.