Вазорати мудофиа: Маъракаи даъват бидуни мушкилӣ ҷараён дорад

Тӯли 10 рӯз аз оғози маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 50%-и нақшаи даъват ба иҷро расидааст. Дар Вазорати мудофиа итминон медиҳанд, ки маъракаи даъват бидуни ҳеҷ мушкилие ҷараён дорад. Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки то имрӯз […]

Asia-Plus

Тӯли 10 рӯз аз оғози маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 50%-и нақшаи даъват ба иҷро расидааст. Дар Вазорати мудофиа итминон медиҳанд, ки маъракаи даъват бидуни ҳеҷ мушкилие ҷараён дорад.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки то имрӯз ба унвони вазорат аз даъватшавандагон ва волидони онҳо ягон шикояте дар ин хусус нарасидаааст.

Ӯ таъкид дошт, ки бо фармони вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо имсол дар назди тамоми комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ҳуҷраҳои қабули аризаву шикоят аз даъватшавандагон ва волидони онҳо боз шуда, тамоми мушкилоти пайдошуда дар ин самт дар маҳалҳо роҳи ҳалли худро меёбанд.

Баъди даҳ рӯз аз оғози маъракаи мазкур нақшаи даъват дар ноҳияҳои Дарвозу Ишкошим ва Рӯшон (ВМКБ), Кӯҳистони Мастчоҳ, Истиқлол, Спитамен ва Шаҳристон (Суғд) ва Носири Хусрав, Балҷувон ва Шамсиддини Шоҳин пурра (100%) иҷро шудааст.

То имрӯз дар маҷмӯъ нишондиҳандаи иҷрои нақшаи даъват дар ВМКБ – 82%, вилояти Суғд – 63%, Хатлон – 47%, ноҳияҳои тобеи марказ – 38% ва шаҳри Душанбе – 28%-ро ташкил медиҳад.

Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 1 октябр оғоз гардида, то 30 ноябр идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ шаҳрвандони марди синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер