Генерал Назарзода 7 нафар роҳбарони ситодҳои ноҳиявиро аз кор озод кард

Date:

Санҷиши назоратӣ дар сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ бо аз мансаб сабукдӯш гардидани 7 нафар роҳбарони ситодҳои ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияҳо анҷом пазируфт.

Раиси Кумита генерал Рустам Назарзода роҳбарони ситодҳои ҳолатҳои фавқулодаро дар ноҳияҳои Шуғнон (ВМКБ), Дӯстӣ, Шоҳин, Темурмалик, Балҷувон (вилояти Хатлон), Сангвор (ноҳияҳои тобеи марказ) ва Фирдавсӣ (ш.Душанбе) аз кор озод кард. Ин қарорҳо дар ҷаласаи ҳайати мушовара (коллегия)-и Кумита қабул шудааст.

Сардори маркази матбуоти Кумита Умеда Юсуфова хабар дод, ки ғайр аз ин, барои роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолияти фаврӣ ва хизматӣ, чанде аз кормандони масъул муҷозот шудаанд.

Рустам Назарзода доир ба то охири сол омӯхтани корҳои тадорукотӣ ва тарбиявии сардорони ситодҳои вилоятӣ ва фармондеҳони қисмҳои низомӣ, таҳияи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагии иншооти стратегӣ ба ҳолатҳои фавқулодаи имконпазир, омодагӣ ба мавсими зимистон ва чораҷӯйӣ оид ба бартараф кардани камбудиҳои ошкоршуда дастур додааст.

Дар кори ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2016 роҳбарони раёсатҳо, шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои минтақавӣ иштирок кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти нимсола сардорони раёсати идоракунии фаврӣ, кадрҳо, молия ва сардори ситодҳо дар ВМКБ, минтақаи Рашт, роҳбарони ситодҳои як қатор ноҳияҳо ва фармондеҳи яке аз қисмҳои ҳарбӣ аз мансабҳояшон сабукдӯш шуда буданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...