Анҷоми 2 лоиҳаи иҷтимоии ҳукумати Ҷопон дар Хатлон

Оғои Такаши ОКИМОТО, роҳбари бахши матбуотии Сафорати Чопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 14 октябри соли 2016 ба вилояти Хатлон сафар намуда дар маросимҳои анҷом ёфтани ду лоиҳае, ки тавассути Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчубаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) амалӣ гаштаанд, ширкат варзид. Маросимҳои мазкур дар якҷоягӣ бо ширкати раисони […]

Иттилоияи расмӣ

Оғои Такаши ОКИМОТО, роҳбари бахши матбуотии Сафорати Чопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 14 октябри соли 2016 ба вилояти Хатлон сафар намуда дар маросимҳои анҷом ёфтани ду лоиҳае, ки тавассути Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчубаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) амалӣ гаштаанд, ширкат варзид.

Маросимҳои мазкур дар якҷоягӣ бо ширкати раисони ноҳияҳои Балҷувон ва Восеъ ва кормандони махалли ба хотири бомуваффақ иҷро шудани лоиҳаҳо роҳандозӣ гаштанд. Маблағи умумии лоиҳаҳо 208,921 доллари ИМА ро ташкил дод.

Дар маросими «Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби №11 дар деҳаи «Хироб»-и ҷамоати деҳоти «Балҷувон»-и ноҳияи Балҷувон», ғайр аз ҳузури раисаи нохия, хонум Маърифат ЗОИРОВА инчунин падару модар, талабагон ва мардуми ҷамоати мазкур ширкат доштанд. Маблағи лоиха бо мақсади беҳтар намудани муҳити таълимӣ ва низоми бақайдгирии талабагон босамар ба роҳ монда шуд. Хамчунон ҳукумати маҳаллии ноҳияи Балҷувон мактабро бо таҷҳизоти нави омузишӣ муҷаҳҳаз гардонид.

Маросими ба анҷом расидани “Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои беморхонаи минтақавии №3 дар қишлоқи Меҳнатободи ҷамоати ба номи Рўдакии ноҳияи Восеъ” худи ҳамон руз баргузор гардид. Маросим бо ширкати хонум Лола ҒАФУРОВА муовини раиси ноҳияи Восеъ, кормандони беморхонаи мазкур ва мардуми маҳаллӣ созмон ёфт. Феълан бо анҷоми муваффақоани лоиҳа, бинои нави беморхона сохта шуда, барои кормандон ва беморон шароити барҳаво ва мусоиди санитарӣ ва муҳити муносиб фароҳам оварда шудааст.

Дар маросими мазкур, оғои ОКИМОТО дар бораи аҳамияти лоиҳаҳои GGP дар рушди Тоҷикистон суханронӣ намуда, раисони ноҳияҳо миннатдории самимии хешро ба Ҳукумати Ҷопон баҳри баланд бардоштани сатхи зиндагии мардуми Тоҷикистон изҳор намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Дору надорам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.