Аз 1 ноябр нархи истифодаи барқ боло меравад

Date:

Мувофиқи қарори аз ҷониби раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баимзорасида аз 1 октябр, шурӯъ аз 1 ноябр барои пардохти маблағи истифодаи барқ тарифҳои нав ҷорӣ мешаванд.

Дар ин санад қарор шудааст, ки ба ҷуз КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО), тарифҳо ба тамоми дараҷаҳои истеъмолгарон тасдиқ карда шавад.

Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ки тарифҳои истифодаи барқ барои аҳолӣ 16,2% – аз 12,6 дирами ҳозира то ба 14,65 дирам барои 1 киловатт/соат зиёд карда шавад.

Тарифҳо барои истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ – 35,65 дирам, истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ – 14,20 дирам, пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ – 2,55 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 9,55 дирам (аз 1 октябр то 31 март) ва барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ – 2,55 дирамро ташкил медиҳад.

Тарифҳо барои истифодаи барқ дар дегҳо ва таҷҳизоти барқӣ бо мақсади таъмини биноҳо бо оби гарм ва гармӣ – 88,30 дирам барои 1 киловатт (барои соҳаи ғайрибуҷетӣ) ва 26,10 дирам (барои ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ) муқаррар шудааст.

Ба Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ ва ШСХК «Барқи тоҷик» дастур дода шудааст, ки бар асоси ин қарор ҳамроҳ ба нархнома аз соли 2014 тағийроти дахлдор ворид намоянд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...