Пешниҳоди авфи наздики 3 млн. муҳоҷири кории ғайриқонунӣ дар Русия

Асламбек Паскачев, Сарвари комиссияи масъалаҳои муҳоҷирати шӯрои назди президенти Русия пешниҳод дорад, ки Русия як афви умумӣ барои ҳудудан 3 миллион муҳоҷири кории ғайриқонунӣ эълон кунад. Дар ин бора хабаргузории TojNews иттилоъ медиҳад. Паскачев қасд дорад то охири моҳи октябри соли равон ин масъаларо дар мулоқоташ бо Владимир Путин дар миён гузорад. Асламбек Паскачев ба […]

TojNews

Асламбек Паскачев, Сарвари комиссияи масъалаҳои муҳоҷирати шӯрои назди президенти Русия пешниҳод дорад, ки Русия як афви умумӣ барои ҳудудан 3 миллион муҳоҷири кории ғайриқонунӣ эълон кунад. Дар ин бора хабаргузории TojNews иттилоъ медиҳад.

Паскачев қасд дорад то охири моҳи октябри соли равон ин масъаларо дар мулоқоташ бо Владимир Путин дар миён гузорад. Асламбек Паскачев ба “Газета.ру” гуфтааст, ки тибқи маълумоте, ки дар даст дорад, дар сар то сари Русия ҳудудан 3 миллион нафар муҳоҷирони кории ғайриқонунӣ зиндагонӣ мекунанд.

“Мо наметавонем ба ин муросо кунем, ки дар қаламрави кишвари мо ба ин теъдод одамон бо қасду ниятҳои номаълум зиндагонӣ кунанд Наметавонем низ ба он муросо кунем, ки ин афрод кор кунанду ба буҷаи давлати мо андоз насупоранд”.-гуфтааст ӯ.

Ин намояндаи президенти Русия гуфтааст, ки бо муҳоҷирон зиёд ҳамсуҳбат мешавад ва пай бурдааст, ки барои онҳо ҳузури дурудароз муфид нест. Чун қонунҳои Русия масъалаи дарёфти патенту иҷозаи корро мушкил кардаанд.

Аз сӯйи дигар ҷаримаи соҳибкорон барои истифода аз заҳмати муҳоҷирони ғайриқонунӣ зарбаи сахте ба соҳибкории хурд аст.

Аммо ширкатҳои бузург муҳоҷирони ғайриқонуниро зиёд қабул мекунанд, чун имкони пардохти сари вақтии пулро доранд.

Ҳатто барои ин гуна ширкатҳо пардохти ҷарима низ чандон мушкил нест ва аз ҷарима тарс надоранд”. «Ман пешниҳод мекунам, ки ин афвро сар аз соли оянда шуруъ кунанд. То он замон гузинаҳои гуногуни ҷалб ва ё сабти номи муҳоҷиронро тӣибқи таҷрибаҳои ҷаҳонӣ омӯзанд”.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.