Сементи Тоҷикистон ба бозори Русия роҳ ёфт

Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли семент босуръат афзуда, тайи соли ахир ҳаҷми истеҳсоли ин масолеҳи сохтмон ба миқдори 37% зиёд шуд. Айни замон Тоҷикистон на танҳо талаботи дохили кишварро ба семент таъмин мекунад, балки онро ба хориҷи кишвар низ содирот мекунад. Аз ҷумла ба Русия низ дар ҳаҷми 65 тонна семент интиқол дода шудааст. Бино ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли семент босуръат афзуда, тайи соли ахир ҳаҷми истеҳсоли ин масолеҳи сохтмон ба миқдори 37% зиёд шуд.

Айни замон Тоҷикистон на танҳо талаботи дохили кишварро ба семент таъмин мекунад, балки онро ба хориҷи кишвар низ содирот мекунад. Аз ҷумла ба Русия низ дар ҳаҷми 65 тонна семент интиқол дода шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, тӯли 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон беш аз 1,5 млн. тонна семент истеҳсол шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта (1,1 млн. тонна) 37,1% зиёдтар аст.

«Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаҳои сементбарорӣ дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Ёвону Бобоҷон Ғафуров ба афзоиши ҳаҷми истеҳсол, беҳтар шудани сифати маҳсулот ва поинравии арзиши он мусоидат кард», – қайд мешавад дар маълумот.

Афзоиши назарраси ҳаҷми истеҳсоли семент давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон аз ҳисоби ду корхонаи ширкати «Хуаксин Ғаюр семент» таъмин шудааст, ки дар ин давра онҳо беш аз 1 млн. тонна семент истеҳсол кардаанд. Дар ҶСК «Сементи тоҷик» 188 ҳазор тонна ва дар ҶДММ «ТоҷЧайна» – 146 ҳазор тонна семент истеҳсол шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар қатори Афғонистону Қирғизистон, содироти семент аз Тоҷикистон ба Русия ва Ӯзбекистон низ шурӯъ шуд. Дар зарфи 9 моҳ аз Тоҷикистон ба Афғонистон – 96 ҳазор тонна, ба Ӯзбекистон – 35 ҳазор тонна, ба Қирғизистон – 30 ҳазор тонна ва ба Русия 65 тонна семент содирот шудааст.

Зимни вохӯрии рӯзи 14 октябр бо соҳибкорон ва сармоягузорон нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар ин робита изҳор намуд, ки тайи 5 соли ахир ҳаҷми истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ аз 200 ҳазор тонна то ба 1,5 млн. тонна расидааст. «Бовар дорам, ки соли оянда истеҳсоли он то 2,5 млн. тонна расонида мешавад», – гуфт ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.