Суғд: ҳукми 20 соли зиндон ба нафақахӯр барои қатли ҳамсоя

Суди вилояти Суғд сокини 71-солаи ҷамоати Лоҳутии шаҳри Конибодом Деҳқон Норматовро барои қатли бераҳмонаи ҳамсояи 66-солааш Пӯлод Тоҷибоев ба 20 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Судяи суди вилоят, ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Фирӯза Аҳмадзода дар ин робита иттилоъ дод, ки маҳкумшуда бо сабаби адовати шахсӣ 17 июли соли 2016 ҳангоми назди дарвозааш кор кардани […]

Мавлуда Рофиева

Суди вилояти Суғд сокини 71-солаи ҷамоати Лоҳутии шаҳри Конибодом Деҳқон Норматовро барои қатли бераҳмонаи ҳамсояи 66-солааш Пӯлод Тоҷибоев ба 20 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Судяи суди вилоят, ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Фирӯза Аҳмадзода дар ин робита иттилоъ дод, ки маҳкумшуда бо сабаби адовати шахсӣ 17 июли соли 2016 ҳангоми назди дарвозааш кор кардани ҳамсояаш бо милтиқи шикорӣ ва корди хоҷагӣ назди ӯ баромада, ба сӯи ӯ тир мепарронад, вале тираш хато рафта, дар вақти кӯшиши дубора тир холӣ кардан, ҳамсояаш белро ба сӯи ӯ мепартояд, ки дар натиҷа милтиқ аз дасташ меафтад.

«Сипас Норматов бо корд ба ҳамсояаш ҳамла намуда, ба ӯ чандин зарба мезанад, ки бар асрари он Пӯлодҷон Тоҷибоев ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат мерасад», – иброз дошт судя.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.