Идомаи кумаки «Бонки Эсхата» ба хоҷагиҳои деҳқонӣ

Вохӯрии намояндагони Бонки Эсхата бо раисони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои кишвар идома дорад. Мақсади асосӣ расонидани маълумотҳои зарурӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ оид ба самаранокии захираҳои обию барқӣ ба ҳисоб рафта, муаррифии хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла қарзҳои аграрӣ мавзӯуи вохӯрӣ буд. Яке аз методҳои нави ҷараёни кори хоҷагиии қишлоқ обёрикунии қатрагӣ, сохтани гармхона ва кофтани чоҳҳои амудӣ  […]

Иттилоияи расмӣ

Вохӯрии намояндагони Бонки Эсхата бо раисони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои кишвар идома дорад. Мақсади асосӣ расонидани маълумотҳои зарурӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ оид ба самаранокии захираҳои обию барқӣ ба ҳисоб рафта, муаррифии хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла қарзҳои аграрӣ мавзӯуи вохӯрӣ буд.

Яке аз методҳои нави ҷараёни кори хоҷагиии қишлоқ обёрикунии қатрагӣ, сохтани гармхона ва кофтани чоҳҳои амудӣ  мебошад.  Иштирокчёни вохӯрӣ дар бораи афзалиятҳои намудҳои нав, технологияи насби он, роҳҳои ҷорӣ намудани онҳо, шартҳои маблағгузорӣ аз наздик шинос шуданд.

Дар рафти вохӯрӣ, ки 80 нафар раисони хоҷагиҳои деҳқониро ҷамъ овард, ҳамоҳангсози агроқарзҳои Бонки Эсхата Шуҳрат Усмонов, директори филиали ноҳияи Рудакӣ Ғайратшоҳ Самиев ба ҳозирин доир ба роҳҳои беҳтарин ва методҳои нави истифодаи обу замин ва натиҷаҳои онро фаҳмониданд.

Боиси қайд аст, ки Бонки Эсхата маблағҳои қарзиро барои рушди хоҷагии қишлоқ бо шартҳои осон пешниҳод мекунад. Дар ин замина ба деҳқонон ҳам аз ҷиҳати молиявӣ ва ҳам техникӣ ва машваратӣ кӯмак расонида шуда, шарики Бонк ташкилоти Сароб ва намояндагони лоиҳаи Климадапт маҳсуб меёбанд.

Ноҳияи Рудакӣ яке аз ноҳияҳои аграрии кишвар буда, деҳқонон асосан бо  чорводорӣ, боғпарварӣ ва  растанипарварӣ машғул мебошанд.

Дар рафти мулоқот иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, ният доранд минбаъд дар ҳамкорӣ бо Бонки Эсхата роҳҳои иноватсионии идоракунии обу замин ва қувваи барқро ҷорӣ намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.