Низомиёни Чин аз Тоҷикистон бо нону намак гусел шуданд

Дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ марҳилаи ниҳоии тамринҳои бузургмиқёси муштараки зиддитеррористии Тоҷикистону Чин ба итмом расид, ки 4 рӯз идома ёфт. Гурӯҳи шартии террористони байнулмилалӣ, ки ҷиҳати ноамн кардани вазъ дар қаламрави ВМКБ ва ноҳияи Синтзян-Уйғури Чин аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шуда буд, аз ҷониби низомиёни ҳарду кишвар комилан безарар гардонида шуд. Чунин буд сенарияи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ марҳилаи ниҳоии тамринҳои бузургмиқёси муштараки зиддитеррористии Тоҷикистону Чин ба итмом расид, ки 4 рӯз идома ёфт.

Гурӯҳи шартии террористони байнулмилалӣ, ки ҷиҳати ноамн кардани вазъ дар қаламрави ВМКБ ва ноҳияи Синтзян-Уйғури Чин аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шуда буд, аз ҷониби низомиёни ҳарду кишвар комилан безарар гардонида шуд. Чунин буд сенарияи ин тамринҳо, ки рӯзи 20 октябр оғоз гардида буданд.

Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода тариқи телефон аз Ишкошим хабар дод, ки вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-майор Шералӣ Мирзо ва раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед имрӯз аз рӯи натиҷаҳои тамрин ба сарбозону афсарони бештар ба комёбиҳо дар он ноилгардидаи артишҳои Тоҷикистону Чин туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Шералӣ Мирзо қайд кардааст, ки «дастгирии дуҷонибаву расидан ба кумаки ҳамдигарро, ки дар ҷараёни тамринҳо сарбозони артишҳои Тоҷикистону Чин эҳсос карданд, то дер боз дар хотири онҳо боқӣ хоҳад монд».

«Масоили амалҳои мутақобилаи зимни тамринҳо мавриди омӯзиш ва сайқалёбӣ қароргирифта нишон доданд, ки дар сурати зарурат, низомиёни кишварҳои ҳамсоя ба дастгирии ҳамдигар дар мубориза бо терроризми байнулмилалӣ омодаанд», – иброз дошт вазир.

Зимнан зикр гардид, ки аз ВМКБ сарбозону афсарони Артиши халқии озодихоҳи Чинро, ки дар тамринҳо иштирок карданд, бо нону намак гусел карданд.

Ёдрас мекунем, ки ҷониби Чинро дар ин тамринҳо танҳо як ротаи Артиши миллии озодихоҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин намояндагӣ кард. Ба ин размоишҳо ҳудуди 10 ҳазор нафар сарбозону афсарон ва хизматчиёни низомии эҳтиётии артиши Тоҷикистон, ҳамчунин авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, артиллерия, силоҳи тирандозӣ сафарбар шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.