Дар бархӯрди КАМАЗ бо скутер ҷавони 18-сола ба ҳалокат расид

Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта, тахминан соати 19:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, марди 29-солаи сокини ноҳияи Зафаробод ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Истаравшан-Зафаробод”, дар ҳудуди  ҷамоати деҳоти Зарҳалол, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, марди 65-солаи сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷаи рух додани чунин садамаи нохуши нақлиётӣ, пиёдагард бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ […]

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта, тахминан соати 19:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, марди 29-солаи сокини ноҳияи Зафаробод ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Истаравшан-Зафаробод”, дар ҳудуди  ҷамоати деҳоти Зарҳалол, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, марди 65-солаи сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.

Дар натиҷаи рух додани чунин садамаи нохуши нақлиётӣ, пиёдагард бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин дар ин рӯз, тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” марди 31-солаи сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Душанбе-Шаҳритус”, дар километри 118-уми ҳудуди ҷамоати деҳоти Қизил-Қалъаи ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар канори роҳ чаппа кардааст.

Дар ин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ мутаассифона, мусофири автомашина марди 44-солаи сокини ноҳияи Қубодиён, бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расида, ронандаи автомашинаи мазкур дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Рӯзи якшанбе бошад, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” марди 39-солаи сокини шаҳри Истаравшан,  ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Деҳотии шаҳри мазкур, писарбачаи 11-солаи сокини Истаравшанро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин дар ин рӯз, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Нексия” марди 37-солаи сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар гардиши роҳи “Маданият-Айнӣ-Бобокалонов” марди 76-солаи сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст. Дар ин ҳодисаи нохуш пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Санаи 23 октябр, тахминан  соати 17:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “КАМАЗ” марди 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Соҳилӣ аз тарафи кӯчаи Абай ба самти кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дучархаи тамғаи “Скутер” таҳти идораи ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе бархӯрдааст.

Дар ин бархурд, ронандаи дучарха ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ғайр аз ин, ҳамин рӯз, тахминан соати 18:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Урал” марди 34-солаи сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат  дар роҳи нақлиётгарди “Ланлиф-Худгифи боло” дар мавзеи чашмаи “Муллоҳусейн”-и ҳамин ноҳия, ногаҳон аз баландии кӯҳ сангпораҳо фаромада, ба автомашинаи мазкур бархӯрдаанд.

Дар натиҷа,  ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии 150-метр чаппа шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.