Боздошти 3 ҷавон дар Суғд ба гумони робита бо Давлати исломӣ

Date:

Дар вилояти Суғд 3 нафар толибилмони омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ ба гумони робита доштан бо гурӯхи фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи Давлати исломӣ боздошт шуданд.

«Се нафар ҷавонони синни аз 17 то 20-сола тариқи шабакаи Интернет аз ҷангиёни Давлати исломӣ оид ба омода кардани маводи тарканда дастур гирифтаанд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» дар ин робита як манбаъи муътамад аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ҷавонон рӯзи 26 октябр аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ боздошт шудаанд.

«Толибилмони омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ ният доштаанд, ки маводи тарканда омода карда, бо ин мақсад таркибҳову лавозимоти зарурӣ барои онро тайёр кардаанд. Ҳангоми боздошт далелҳои шайъӣ аз онҳо мусодира шуд», – гуфт манбаъ, вале ба хотири сирри тафтишот аз ифшои ҷузъиёти дигари ин масъала худдорӣ кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...