Боздошти 3 ҷавон дар Суғд ба гумони робита бо Давлати исломӣ

Дар вилояти Суғд 3 нафар толибилмони омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ ба гумони робита доштан бо гурӯхи фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи Давлати исломӣ боздошт шуданд. «Се нафар ҷавонони синни аз 17 то 20-сола тариқи шабакаи Интернет аз ҷангиёни Давлати исломӣ оид ба омода кардани маводи тарканда дастур гирифтаанд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» дар ин робита як манбаъи […]

Мавлуда Рофиева, Asia-Plus

Дар вилояти Суғд 3 нафар толибилмони омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ ба гумони робита доштан бо гурӯхи фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи Давлати исломӣ боздошт шуданд.

«Се нафар ҷавонони синни аз 17 то 20-сола тариқи шабакаи Интернет аз ҷангиёни Давлати исломӣ оид ба омода кардани маводи тарканда дастур гирифтаанд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» дар ин робита як манбаъи муътамад аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ҷавонон рӯзи 26 октябр аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ боздошт шудаанд.

«Толибилмони омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ ният доштаанд, ки маводи тарканда омода карда, бо ин мақсад таркибҳову лавозимоти зарурӣ барои онро тайёр кардаанд. Ҳангоми боздошт далелҳои шайъӣ аз онҳо мусодира шуд», – гуфт манбаъ, вале ба хотири сирри тафтишот аз ифшои ҷузъиёти дигари ин масъала худдорӣ кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.