Кордкашии як гурӯҳи толибилмони пойтахт дар саҳни мактаб

Кормандони милитсия 4 нафар ноболиғони 16-17-сола, хонандагони синфи 11-уми яке аз муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахтро ба гумони авбошӣ ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон онҳо дар дохили мактаби миёна аз ҳиссиёти  авбошӣ тартиботи  ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ҳамдигарро лату кӯб мекунанд ва яке аз онҳо бо корди […]

Asia-Plus

Кормандони милитсия 4 нафар ноболиғони 16-17-сола, хонандагони синфи 11-уми яке аз муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахтро ба гумони авбошӣ ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон онҳо дар дохили мактаби миёна аз ҳиссиёти  авбошӣ тартиботи  ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ҳамдигарро лату кӯб мекунанд ва яке аз онҳо бо корди дасташ 2 маротиба ба пойи хонандаи дигар задааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст ва аз рӯи ҳодисаи мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Ҳодисаҳои ба ин монанд тайи соли охир бори аввал нестанд. Аввали моҳи июн кормандони милиса 7 нафар хонандагони яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанберо барои ташкили занозании оммавӣ боздошт намуданд. Гумонбаршудагон тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, якдигарро лату кӯб намудаанд, ки дар натиҷа чор нафари онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

Охири моҳи май низ ду нафар донишҷӯён – сокини 21-солаи шаҳри Ваҳдат ва сокини 19-солаи шаҳри Душанбе ба гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир шуда буданд. Онҳо дар назди яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рӯдакӣ бо 4 нафар хонандагони синфҳои 10 ва 11-уми мактаби мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ ҷангу ҷанҷол карда, хонандагонро зери лату кӯб қарор дода буданд.

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев чандин маротиба аз ин ҳодисаҳо нигаронӣ изҳор намуда, дар яке аз машваратҳои моҳи июн зикр кард, ки муноқишаҳои оммавӣ дар мактаб натиҷаи муносибати хунукназаронаи нозирони минтақавии милитсия ва кормандони соҳаи маорифи пойтахт ба вазифаҳои худ аст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев қайд карда буд, ки дар сурати такрор шудани чунин ҳодисаҳо, нисбати шахсони масъул ва волидони хонандагон мутобиқи қонунгузории кишвар чораҳои қатъӣ андешида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.