Ду ҳафта таҳқиқи сабаби қатъи сартосарии барқ дар Тоҷикистон

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда қариб тамоми ҷумҳурӣ бе нерӯи барқ монда буд. Айни замон мутахассисон сабабҳои онро таҳқиқ мекунанд. «Барои муайян кардани сабабҳои бозистии кори агрегатҳои нерӯгоҳи барқи обии Норак комиссияи махсус таъсис дода шудааст. Пас аз анҷоми кори ин комиссия натиҷаҳои он ба ҳамагон шарҳ дода мешавад», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз ширкати […]

Asia-Plus

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда қариб тамоми ҷумҳурӣ бе нерӯи барқ монда буд. Айни замон мутахассисон сабабҳои онро таҳқиқ мекунанд.

«Барои муайян кардани сабабҳои бозистии кори агрегатҳои нерӯгоҳи барқи обии Норак комиссияи махсус таъсис дода шудааст. Пас аз анҷоми кори ин комиссия натиҷаҳои он ба ҳамагон шарҳ дода мешавад», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик».

Зимнан зикр гардид, ки кори комиссияи зикршуда ҳадди ақал ду ҳафта идома хоҳад ёфт.

Қаблан аз ширкат иттилоъ дода буданд, ки ин ҳолати ғайримунтазира дар Тоҷикистон бинобар сабаби бозистии агрегатҳои нерӯгоҳи Норак ба иллати носозиҳо дар низоми энергетикии кишвар ва таври автоматӣ ба кор даромадани низоми зиддисадамавӣ ба вуҷуд омад.

«Бо ин сабаб соати 18:29 дақиқаи рӯзи 28 октябр қариб ба тамоми қаламрави ҷумҳурӣ интиқоли барқ қатъ шуд. Танҳо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо барқ таъмин буд», – гуфт ба «Азия-Плюс» сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи бонавбат дубора ба кор даровардани агрегатҳои нерӯгоҳ ва таъмини кори хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, марҳила ба марҳила интиқоли барқ барқарор карда шуд.

«Шоми ҳамин рӯз раиси ширкат Мирзо Исмоилзода тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ ин вазъро шарҳ дода, барои рӯйи кор омадани чунин ҳолати ногувор аз аҳолӣ маъзарат хост», – иттилоъ дод Ёдгорӣ.

Айни замон низоми энергетикии ҷумҳурӣ бо реҷаи муқаррарӣ кор мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.