Ҳалокати кӯдаки 3-сола дар Ҳисор зери чархи трактор

Ронандаи трактори тамғаи “МТЗ 82-1” марди 56-солаи сокини ноҳияи Ҳисор субҳи рӯзи 31 октябрҳангоми ҳаракат дар заминҳои корами ҳудуди ноҳияи мазкур аз беэҳтиётиаш писарбачаи 3-солаи сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон бар асари ин ҳодисаи нохуш хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Гуфта мешавад, ҳамин […]

Asia-Plus

Ронандаи трактори тамғаи “МТЗ 82-1” марди 56-солаи сокини ноҳияи Ҳисор субҳи рӯзи 31 октябрҳангоми ҳаракат дар заминҳои корами ҳудуди ноҳияи мазкур аз беэҳтиётиаш писарбачаи 3-солаи сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон бар асари ин ҳодисаи нохуш хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ҳамин рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 23-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷайҳун ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, дар шоҳроҳи “Душанбе-Қурғонтеппа-Панҷи поён” бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста марди 65-солаи сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳунро пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зикр мегардад, ки шаби 30 октябр ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, марди 22-солаи сокини ноҳияи Хуросон ҳангоми ҳаракат дар роҳи “Душанбе-Қурғонтеппа”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон, пиёдагардон: ду нафар марди 32 ва 36 солаи сокини ҷамоати деҳоти зикргардидаро пахш намудааст, ки бар асари он пиёдагарди 36-сола бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва нафари дигар дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, тайи 8 моҳи соли равон дар роҳҳои ҷумҳурӣ 928 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудаааст, ки бар асари онҳо 311 нафар ҳалок ва 970 кас ҷароҳат бардоштаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.