Беш аз 65 млн. $-и БОР баҳри беҳбуди вазъи роҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа

Date:

Бонки осиёгии рушд (БОР) ҷудо кардани 65,2 млн. доллари ИМА қарз ва грант ба Тоҷикистон барои беҳбуди вазъи роҳ байни Душанбе ва Қӯрғонтеппаро маъқул донист.

Бино ба маълумоти намояндагии БОР дар Тоҷикистон, ин роҳ қисмате аз роҳи стратегӣ миёни минтақаҳои шимолу ҷануби кишвар, яке аз роҳи бештар мавриди истифода қарордошта ва қисмате аз долонҳои 2, 5 ва 6-и барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) мебошад.

Дар марҳилаи аввали амалисозии лоиҳа вазъи ҳудуди 33 километр роҳ аз Душанбе то Чашмасорон беҳтар карда шуда, роҳ то чор хати ҳаракат васеъ, рӯйпӯши роҳ беҳтар ва дар тамоми фосилаи роҳ аломату воситаҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ насб мегарданд.

Маблағгузории БОР аз 49,4 млн. доллари ИМА қарзи имтиёзнок ва 15,8 млн. доллари ИМа грант иборат буда, ҳамчунин БОР маблағгузорӣ ба грант дар ҳаҷми 2 млн. доллари ИМА аз Фонди бисёрҷонибаи энергияи тоза дар доираи Барномаи шарикӣ оид ба мабалғгузории энергияи тозаро ба дӯш мегирад.

Ҳукумати Тоҷикистон маблағгузории шарикӣ дар ҳаҷми 17,2 млн. доллари ИМА-ро пешниҳод намуда, Фонди ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) ба маблағи 112 млн. доллари ИМА қарз ҷудо мекунад. Вазорати нақлиёт агентии иҷрокунандаи лоиҳа аст. Анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2021 пешбинӣ шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...