Пешниҳоди Кодекси маданӣ номгузорӣ шудани Кодекси гражданӣ

Таҳияи лоиҳаи Кодекси граждании Тоҷикистон дар таҳрири тоза оғоз гардида, ба он модда ва бобҳои нав илова мешаванд. Зимни кори Форуми дуюми миллӣ оид ба волоияти қонун дар ҶТ мудири кафедраи ҳуқуқи шаҳрвандии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шукрулло Ғаюров изҳор намуд, ки Кодекси нави гражданӣ «Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузорӣ мешавад. Дар музокирот ҳуқуқшиносон қайд […]

Asia-Plus

Таҳияи лоиҳаи Кодекси граждании Тоҷикистон дар таҳрири тоза оғоз гардида, ба он модда ва бобҳои нав илова мешаванд.

Зимни кори Форуми дуюми миллӣ оид ба волоияти қонун дар ҶТ мудири кафедраи ҳуқуқи шаҳрвандии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шукрулло Ғаюров изҳор намуд, ки Кодекси нави гражданӣ «Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузорӣ мешавад.

Дар музокирот ҳуқуқшиносон қайд карданд, ки лоиҳаи нави кодекс ба талаботи муосир ҷавобгӯ буда, дар соҳаи ҳимоя аз ҳуқуқҳои шаҳрвандии аҳолии ҷумҳурӣ бештар пурсамар истифода хоҳад шуд.

Зикр гардид, ки дар лоиҳаи кодекси нав танзими масоили марбут ба иншооти ғайриоддии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ аз қабили хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳуқуқ ба истифодаи қитъаи замин, слоган, истифода аз шабакаи интернет ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Олими ҳуқуқшинос А.Абдуҷалилов қайд кард, ки шабакаи интернет аз ду таркиби мустақил – ҷараёни дастрасӣ ба он ва ҳамчунин амал дар фазои виртуалӣ иборат аст, ки ба танзим ниёз дорад.

«Бо васли компютеру серверҳо Интернет дар миқёси ҷаҳонӣ барои муколамаи одамон фазои нави виртуалиеро эҷод месозад. Ин муносибатҳо аксаран на хусусияти иҷтимоӣ, балки хусусияти шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ доранд, ки ба ин истифодаи интернет барои гуфтугӯ тибқи шартномаи хизматгузории почтаи электронӣ мисол шуда метавонад. Аз ин рӯ, зарурати бозбинии доктринаи ҳуқуқии интернет ва танзими ин масъалаҳо дар Кодекси нав ба вуҷуд омадааст», – иброз дошт коршинос.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.