Азсаргирии парвозҳо миёни Тошканду Душанбе аз нимаи аввали соли оянда

Date:

Парвози ҳавопаймоҳо миёни Тошканд ва Душанбе аз нимаи аввали соли 2017 барқарор хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои хабаргузории TojNews бо такя ба маълумоти sputniknews-uz.com, раиси ширкати миллии ҳавопаймоии Узбакистон — "Узбекистон ҳаво йулларӣ" Валерий Тян гуфтааст, ки онҳо омодаанд, то парвозҳо бо Тоҷикистон, аз нимаи аввали соли оянда оғоз кунад.

Гуфта мешавад, раиси ширкати миллии ҳавопаймоии Узбакистон ҳамчунин гуфтааст, ки дар назар аст парвозҳо байни Тошканд ва Душанбе дар ҷадвали тобистонии ин ширкат ҷой дода шаванд.

Зимни суханронии дар палатаи поёнии парлумон рӯзи 2 ноябр вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода иттилоъ дод, ки лоиҳаи созишномаи роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳия шуда, дар марҳилаи мувофиқасозӣ қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки масъалаи барқарор кардани хатсайри ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки соли 1992 қатъ гардида буд, чандин маротиба солҳои пеш низ ба миён гузошта шуда, аммо то ҳол аз они натиҷае ҳосил нашудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...