Cавганди садоқат ба мардуми аъзои Маҷлиси миллӣ

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бори нахуст ба мардуми ҷумҳурӣ савганд ёд карданд. Маросими савгандёдкунӣ дар иҷлосияи ҳаштуми палатаи болоии парлумон доир гардид. Аъзои Маҷлиси миллӣ бонавбат дар минбар бо гузоштани даст рӯи Конститутсияи кишвар матни савганди тасдиқшударо қироат намуданд. Нахустин шуда раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев савганд ёд кард. Аъзои палатаи болоии […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бори нахуст ба мардуми ҷумҳурӣ савганд ёд карданд. Маросими савгандёдкунӣ дар иҷлосияи ҳаштуми палатаи болоии парлумон доир гардид.

Аъзои Маҷлиси миллӣ бонавбат дар минбар бо гузоштани даст рӯи Конститутсияи кишвар матни савганди тасдиқшударо қироат намуданд. Нахустин шуда раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев савганд ёд кард.

Аъзои палатаи болоии парлумон савганд ёд карднд, ки манфиатҳои мардум ва давлатро аз ҳама болотар мешуморанд. Онҳо ҳамчунин савганд ёд карданд, ки фаъолияти худро мутобиқи Конститутсия ва қонунҳои Тоҷикистон ба роҳ монда, тамоми донишу қувва ва таҷрибаи худро баҳри рушди иқтисоди кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон равона мекунанд.

Дар раъйпурсии санаи 22 май ба Конститусияи ҷумҳурӣ дар бораи савгандёдкунии вакилони парлумон ба мардуми кишвар  ва аъзои ҳукумат ба президент тағйирот ворид гардида буд.

Тартиби савгандёдкунии вакилони палатаи поёнӣ ва болоии парлумон тибқи қонунҳо «Дар бораи Маҷлиси Олии ҶТ» ва «Дар бораи мақоми ҳуқуқии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ» танзиму муқаррар мешавад.

Тағийрот ба қонунҳои зикршуда ва қонун «Дар бораи ҳукумати ҶТ»-ро ҳукумат охири моҳи июн таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба парлумон ирсол намуд. Вакилон онро бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шумориданд.

Мувофиқи қонунгузорӣ, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пас аз интихоб ё таъинот дар ҷаласаҳои палатаҳо ба мардум савганд ёд карда, аъзои ҳукумат баъди таъинот аз ҷониби президент ва тасдиқи фармон, ба содиқ будан ба президент савганд ёд мекунанд ва ин маросим дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаҳои парлумон сурат мегирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.