Аъзои Маҷлиси миллӣ Эмомалӣ Раҳмонро асосгузори давлатдории миллии тоҷикон номиданд

Дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон қонун «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» мақоми қонуни конститутсионӣ касб кард. Зимни суханронӣ доир ба ин масъала президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, узви палатаи болоии парлумон Фарҳод Раҳимӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро асосгузори нахустин давлатдории миллии тоҷикон номид. Узви Маҷлиси миллӣ аз ВМКБ Арамбегим Матобшоева қайд кард, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон қонун «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» мақоми қонуни конститутсионӣ касб кард.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, узви палатаи болоии парлумон Фарҳод Раҳимӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро асосгузори нахустин давлатдории миллии тоҷикон номид.

Узви Маҷлиси миллӣ аз ВМКБ Арамбегим Матобшоева қайд кард, ки тӯли 24 соли раҳбарӣ ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 56 маротиба аз ВМКБ боздид намуда, ҳар як сафари ӯ ба рушди вилоят такони мусбат бахшидааст. «Бархе аз роҳбарони ҳанӯз Тоҷикистони шӯравӣ ягон маротиба ба ВМКБ ташриф наоварда, аз мушкилоти аҳолии он огаҳӣ надоштанд», – иброз дошт ӯ.

Раҳмон Шоҳраҳматов, узви палатаи болоии парлумон аз вилояти Суғд изҳор намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллати тоҷик аст, зеро бо сиёсати хирадмандонаи худ ба ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ хотима бахшид.

Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр кард, ки маҳз Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мухолифони сохтмони нерӯгоҳи Роғунро ба зарурати амалисозии ин лоиҳа муътақид сохт. «Вақте Пешвои миллат рӯзи 29 октябр шахсан булдозерсавор дар кори иваз кардани маҷрои дарёи Вахш саҳм гузошт, тамоми Тоҷикистон муддати якуним соат даст ба дуо бардошт, ки бо булдозер ягон ҳодисае рух надиҳад», – афзуд Убайдуллоев.

Ёдрас мкунем, ки мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», ки санаи 26 октябр аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқ шуд, дар ҷумҳурӣ Фонди Пешвои миллат, Ордени Пешвои миллат ва Ҷоизаи Пешвои миллат таъсис дода мешавад. Он замон вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ масъалаи ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон додани унвони асосгузори Тоҷикистони соҳибистиқлолро якдилона дастгирӣ карданд.

Имрӯз, 8 ноябр аъзои Маҷлиси миллӣ ҳамчунин қабули қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Тоҷикистон»-ро низ маъқул шумориданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.