Азсаргирии парвозҳо миёни Тошканду Душанбе аз нимаи аввали соли оянда

Парвози ҳавопаймоҳо миёни Тошканд ва Душанбе аз нимаи аввали соли 2017 барқарор хоҳанд шуд. Бино ба иттилои хабаргузории TojNews бо такя ба маълумоти sputniknews-uz.com, раиси ширкати миллии ҳавопаймоии Узбакистон — "Узбекистон ҳаво йулларӣ" Валерий Тян гуфтааст, ки онҳо омодаанд, то парвозҳо бо Тоҷикистон, аз нимаи аввали соли оянда оғоз кунад. Гуфта мешавад, раиси ширкати миллии […]

TojNews

Парвози ҳавопаймоҳо миёни Тошканд ва Душанбе аз нимаи аввали соли 2017 барқарор хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои хабаргузории TojNews бо такя ба маълумоти sputniknews-uz.com, раиси ширкати миллии ҳавопаймоии Узбакистон — "Узбекистон ҳаво йулларӣ" Валерий Тян гуфтааст, ки онҳо омодаанд, то парвозҳо бо Тоҷикистон, аз нимаи аввали соли оянда оғоз кунад.

Гуфта мешавад, раиси ширкати миллии ҳавопаймоии Узбакистон ҳамчунин гуфтааст, ки дар назар аст парвозҳо байни Тошканд ва Душанбе дар ҷадвали тобистонии ин ширкат ҷой дода шаванд.

Зимни суханронии дар палатаи поёнии парлумон рӯзи 2 ноябр вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода иттилоъ дод, ки лоиҳаи созишномаи роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳия шуда, дар марҳилаи мувофиқасозӣ қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки масъалаи барқарор кардани хатсайри ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки соли 1992 қатъ гардида буд, чандин маротиба солҳои пеш низ ба миён гузошта шуда, аммо то ҳол аз они натиҷае ҳосил нашудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.