Аъзои Маҷлиси миллӣ Эмомалӣ Раҳмонро асосгузори давлатдории миллии тоҷикон номиданд

Date:

Дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон қонун «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» мақоми қонуни конститутсионӣ касб кард.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, узви палатаи болоии парлумон Фарҳод Раҳимӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро асосгузори нахустин давлатдории миллии тоҷикон номид.

Узви Маҷлиси миллӣ аз ВМКБ Арамбегим Матобшоева қайд кард, ки тӯли 24 соли раҳбарӣ ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 56 маротиба аз ВМКБ боздид намуда, ҳар як сафари ӯ ба рушди вилоят такони мусбат бахшидааст. «Бархе аз роҳбарони ҳанӯз Тоҷикистони шӯравӣ ягон маротиба ба ВМКБ ташриф наоварда, аз мушкилоти аҳолии он огаҳӣ надоштанд», – иброз дошт ӯ.

Раҳмон Шоҳраҳматов, узви палатаи болоии парлумон аз вилояти Суғд изҳор намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллати тоҷик аст, зеро бо сиёсати хирадмандонаи худ ба ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ хотима бахшид.

Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр кард, ки маҳз Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мухолифони сохтмони нерӯгоҳи Роғунро ба зарурати амалисозии ин лоиҳа муътақид сохт. «Вақте Пешвои миллат рӯзи 29 октябр шахсан булдозерсавор дар кори иваз кардани маҷрои дарёи Вахш саҳм гузошт, тамоми Тоҷикистон муддати якуним соат даст ба дуо бардошт, ки бо булдозер ягон ҳодисае рух надиҳад», – афзуд Убайдуллоев.

Ёдрас мкунем, ки мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», ки санаи 26 октябр аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқ шуд, дар ҷумҳурӣ Фонди Пешвои миллат, Ордени Пешвои миллат ва Ҷоизаи Пешвои миллат таъсис дода мешавад. Он замон вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ масъалаи ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон додани унвони асосгузори Тоҷикистони соҳибистиқлолро якдилона дастгирӣ карданд.

Имрӯз, 8 ноябр аъзои Маҷлиси миллӣ ҳамчунин қабули қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Тоҷикистон»-ро низ маъқул шумориданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...