Муҷозоту ҷустуҷӯи 4 бародар барои робита бо Давлати исломӣ

Date:

Чор бародарон аз ноҳияи Рӯдакӣ афкору андешаҳои гурӯҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Давлати исломӣ»-ро фаъолона таблиғ мекарданд. Ду нафари онҳо боздошт ва маҳкум шуданд.

«Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бародарон, сокинони деҳаи Шайнаки ноҳияи Рӯдакӣ Хушвахт Ҳалимови 26-сола (падари 1 фарзанд) ва Сайдулло Ҳалимови 42-сола (падари 5 фарзанд)-ро барои таблиғи фаъолонаи афкори Давлати исломӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба сафҳои ин гурӯҳ мутаносибан ба 17 ва 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард», – хабар медиҳад маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ.

Бино ба маълумоти манбаъ, маҳкумшудагон ҳамчунин ба маблағгузории сафари чанде аз шаҳрвандон ба Сурия низ гунаҳкор дониста шудаанд.

Ду бародари дигари маҳкумшудагон – Нурулло Ҳалимови 41-сола ва Муродалӣ Ҳалимови 35-сола ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноятҳои монанд ба ҷиноятҳои бародаронашон мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...