Беш аз 3,2 млрд. $ ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ аз оғози сол

Тӯли 10 моҳи соли 2016 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 3,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба андозаи 7,8% ё худ 275 млн. доллари ИМА камтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, коҳиши ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ба кам шудани ҳаҷми воридоти […]

Asia-Plus

Тӯли 10 моҳи соли 2016 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 3,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба андозаи 7,8% ё худ 275 млн. доллари ИМА камтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, коҳиши ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ба кам шудани ҳаҷми воридоти маҳсулот вобаста аст. Ҳамин тариқ, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ба маблағи ҳудуди 2,5 млрд. доллар маҳсулот ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба андозаи 10,2% ё худ 283 млн. доллар камтар аст.

Аз ҷумла ҳаҷми воридоти сангҳои қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо ва металл (85%), пӯсти коркарднашуда ва чарм (40%), чӯб ва маснӯоти он (39%), маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ (26%), маҳсулоти растанӣ (23%) ва маҳсулоти минералӣ (20%) коҳиш ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба миқдори 1,1% ё худ ба маблағи 7,7 млн. доллар афзуда, аз оғози сол ба маблағи 744 млн. доллар маҳсулоти Тоҷикистон ба хориҷи кишвар бароварда шудааст. Дар ин давра содироти маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ – 75%, маҳсулоти минералӣ – 45%, электроэнергия – 9,5% афзуда, дар ҳамин ҳол ҳаҷми содироти нахи пахта – 8% ва металлҳои арзону маснӯот аз он – 2,8% кам шудааст.

Аз оғози сол Тоҷикистон бо 109 кишвари ҷаҳон муомилоти молӣ анҷом додааст. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия ва Чин маҳсуб ёфта, тайи 10 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия 868 млн. доллари ИМА ва Тоҷикистону Чин – 760 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Тайи 10 моҳи соли 2016 ҳаҷми муомилоти мол бо Қазоқистон ба 520 млн. доллари ИМА баробар шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.