Тағйирот дар реҷаи парвози ҳавопаймоҳои «Тоҷик Эйр» ба Хуҷанд

Date:

Парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Тоҷик Эйр» бо хатсайри Душанбе – Хуҷанд – Душанбе айни замон тибқи реҷаи муқаррарӣ анҷом дода намешаванд. Ин ба аз ҷониби ширкат баргузор намудани таъмиру азнавсозии техникӣ вобаста аст.

«Парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе – Хуҷанд – Душанбе феълан на аз рӯи реҷаи муқарраршуда, балки тибқи зарурати истеҳсолӣ анҷом дода мешаванд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» сухангӯи ҶСК «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев.

Ба гуфтаи ӯ, ҳозир реҷа ва барномаи парвозҳо бо хатсайрҳои дохилӣ бозбинӣ мешавад. «Баргузории корҳои техникӣ дар навбати аввал ба беҳбуди сифати хизматрасонӣ ва таъини реҷаи барои мусофирон қулай бо назардошти талаботи аҳолии ҷумҳурӣ дар хизматгузориҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ нигаронида шудааст. Мо ба хубӣ дарк мекунем, ки навгониҳо барои мусофирон баъзе нороҳатиҳо эҷод карда, ба нақшаҳои шахсии онҳо таъсир мерасонад. Умедворем, ки онҳо моро мефаҳманд», – қайд кард Хайруллоев.

Номбурда илова кард, ки ширкат назди худ доир ба тавсеъаи самти парвозҳо ва афзоиши шумори онҳо вазифаҳои афзалиятнок гузоштааст.

Дар ҳамин ҳол, ширкати хусусии ҳавопаймоии «Сомон Эйр» низ ба шаҳри Хуҷанд парвозҳо анҷом медиҳад. «Парвози ҳавопаймоҳои ширкат ба Хуҷанд тибқи реҷаи муқарраршуда – рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе сурат мегиранд», – иттилоъ дод ба «Азия-Плюс» дар ин робита котиби матбуотии ширкати «Сомон Эйр» Тимур Бандишоев.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи октябр ширкати «Тоҷик Эйр» парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе – Хоруғ – Душанберо муваққатан боздошта, сабаби онро анҷом додани корҳои зарурии техникӣ дар ҳавопаймои Ан-28 унвон кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...