Transparency International: аз нисф зиёди тоҷикистониёни пурсидашуда пора додаанд

Date:

Ҳаракати байнулмилаллии зиддифасоди Transparency International натиҷаҳои таҳқиқоти глобалии  «Барометри коррупсияи ҷаҳонӣ» (Global Corruption Barometer)-ро ба нашр расонид, ки маротиба 9-ум гузаронида шуда, таҳқиқоти ахир соли 2013 чоп шуда буд.

Таҳқиқоти мазкур 42 кишвари Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказиро фаро гирифта, аз натиҷаҳои он бармеояд, ки ҳар як нафари сеюми сокини Аврупо ва Осиёи Марказӣ коррупсияро мушкили асосии кишвари худ мешуморад. Аз ҷумла, 18%-и пурсидашудагон дар Тоҷикистон, 47% – дар Қирғизистон, 37% – дар Қазоқистон ва 23% – дар Ӯзбекистон  коррупсияро яке аз мушкилоти умдатарин медонанд.

Ба савол доир ба моҳҳои ахир пора додан фоизи бештари овозҳои тасдиқкунанда дар Тоҷикистон ба даст омадааст, ки 50%-ро ташкил медиҳад. Дар Қирғизистон – 38%, Қазоқистон – 29% ва Ӯзбекистон – 18% ба ин савол ҷавоби мусбат додаанд.

Таъкид мешавад, ки сабабҳои дар бораи ҳодисаҳои коррупсия хабар надоданро 17%%-и пурсидашудагон ба хатар доштани он, 16% – ба ҳеҷ маъное надоштани он, 14% – ба бовар надоштан ба имкони чизеро исбот кардан ва 11% – ба ҳарос доштан аз аэътирофи ҷалби худ ба амалҳои коррупсионӣ нисбат додаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...