Volkswagen AG 30 ҳазор кормандашро ихтисор карданист

Date:

Роҳбарияти ширкати автомобилбарории «Фолксваген Эй-Ҷӣ» (Volkswagen AG) -и Олмон 30 ҳазор корманди худро дар саросари ҷаҳон ихтисор карданист, ки 23 ҳазори он ба худи Олмон рост меояд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», нақшаи мазкур бо иттифоқҳои касаба мувофиқа шуда, ба ин тартиб ширкат метавонад, то соли 2020 ҳамасола 3,7 миллиард евро сарфа намояд.

Гуфта мешавад, дар ҷавоб ба ихтисорсозии зиёд ширкат ният дорад, ки аз ҳисоби рушди соҳаи мошинсозии барқӣ ва автомобилҳои бидуни ронанда 9 ҳазор нафарро бо ҷойи кор таъмин созад.

Зимнан зикр мегардад, ки ширкати автомобилбарории «Фолксваген Эй-Ҷӣ» ҳамчунин дар доираи муноқишаи дизелӣ мехоҳад, ки пардохти ҷубронпулиҳоро ҳам ба зарардидагон коҳиш диҳад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...