Русия созишномаи гумрукӣ бо Тоҷикистонро тасдиқ кард

Русия Созишномаи байниҳукуматӣ бо Тоҷикистонро дар бораи ифтитоҳи намояндагиҳои хадамоти гумрук аз ҳарду ҷониб тасдиқ кард. Қонуни дахлдорро дар ин хусус санаи 22 ноябр президенти Русия Владимир Путин ба имзо расонид. Тибқи санади интишоршуда дар портали иттиллоти ҳуқуқӣ, дар созишномаи санаи 23 сентябри соли 2015 дар Душанбе баимзорасида ифтитоҳи намояндагии Хадамоти гумруки Русия дар Тоҷикистон ва […]

Asia-Plus

Русия Созишномаи байниҳукуматӣ бо Тоҷикистонро дар бораи ифтитоҳи намояндагиҳои хадамоти гумрук аз ҳарду ҷониб тасдиқ кард. Қонуни дахлдорро дар ин хусус санаи 22 ноябр президенти Русия Владимир Путин ба имзо расонид.

Тибқи санади интишоршуда дар портали иттиллоти ҳуқуқӣ, дар созишномаи санаи 23 сентябри соли 2015 дар Душанбе баимзорасида ифтитоҳи намояндагии Хадамоти гумруки Русия дар Тоҷикистон ва намояндагии Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар Русия пешбинӣ шудааст.

«Ин ба зарурати беҳбуди сатҳи ҳамкории хадамотҳои гумруки Русия ва Тоҷикистон барои такмили алоқаи нақлиёти мусофирбар ва боркаш, таъмини дуруст ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва пешгириву тафтишоти муштараки қонуншиканиҳои гумрукӣ нигаронида шудааст», – омадааст дар маълумот.

Ҳамчунин гуфта мешавад, барои амалисозии созишномаи мазкур аз буҷети федералӣ хароҷоти иловагӣ талаб карда намешавад.

Қобили зикр аст, ки Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, бино ба маълумоти Хадамоти гумруки ҶТ, тӯли 10 моҳи соли равон ҳаҷми мумилоти молӣ миёни кишварҳо 868 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.