Ба муҳоҷирон интиқоли пул бидуни комиссия пешниҳод шуд

Date:

Низоми пардохти «Лидер» ситонидани комиссия зимни амалиёти интиқоли пул тариқи шуъбаҳои бонки русиягии «Югра»-ро бекор карда, ин тартибот ба ҳолатҳое дахл дорад, ки ирсолу дастрасии маблағ бо асъори гуногун сурат мегирад.

Амалиёти интиқоли маблағҳо дар дохили Русия ва ба 10 кишвари хориҷи наздик – Озарбойҷон, Қирғизистон, Абхазия, Беларус, Гурҷистон, Молдова, Украина, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро бидуни ситонидани комиссия метавон анҷом дод.

«Агар асъори ирсолу қабул гуногун бошанд, барои амалиёти интиқол комиссия (фоиз) ситонида намешавад. Масалан, агар дар шуъбаи бонки «Югра» интиқоли маблағ бо рубл сурат гирифта, қабулкунанда бо асъори дигар онро дастрас намояд, аз интиқолдиҳанда комиссия ситонида намешавад. Мубодила бо қурби замони интиқол амалкунандаи «Лидер» анҷом дода мешавад. Интиқоли маблағро метавон бо рубл, доллари ИМА ё евро амалӣ кард», – шарҳ медиҳад хадамоти матбуоти бонки «Югра».

Гуфта мешавад, дар низоми пардохти «Лидер» афзалияти мизоҷонро омӯхта, кишварҳоеро интихоб кардаанд, ки ба онҳо дар маҷмӯъ беш аз 50%-и маблағҳои пулӣ интиқол дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки зимни интиқоли маблағ тариқи низомҳои пардохти Русия ҳаҷми комиссия маъмулан аз 0,9 то 2%-ро ташкил дда, бархе аз низомҳо комиссияро на мувофиқи меъёри фоизӣ, балки дар шакли маблағи мушаххас вобаста ба самти интиқол меситонанд.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз моҳи феврали соли равон интиқоли маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон бо рубли русӣ танҳо бо арзи миллӣ (сомонӣ) дода мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...