Остонаву Душанбе иқтисоди миллии Афғонистонро дастгирӣ карда метавонанд

Имрӯз дар Қасри Миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисовро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон дар асоси ҳамшарикии стратегӣ ва дар доираи созмону ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дода шуд. […]

Asia-Plus

Имрӯз дар Қасри Миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисовро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон дар асоси ҳамшарикии стратегӣ ва дар доираи созмону ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз сатҳу сифати робитаҳои кунунии байнидавлатӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори қаноатмандӣ карда, Эмомалӣ Раҳмон омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои тақвияти бештари муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид намуд.

Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҷонибҳо дар баробари баррасии ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамчунин масоили авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, хусусан амнияту суботи Афғонистон ва таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ бо ин кишварро мавриди муҳокима қарор дода аз нақшаҳои минбаъда дар муборизаи муштарак бар зидди терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ёдовар шуданд.

Барои мусоидат ба беҳдошти вазъи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии Афғонистон тақвияти муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии байниҳамдигарӣ, фароҳам овардани инфрасохтори зарурии энергетикӣ ва роҳу нақлиёт дар қаламрави ин кишвар, ҳамчунин таҳкими нерӯи инсонӣ дар Афғонистон тавассути рушди соҳаи маориф ва омода намудани мутахассисони ботаҷриба зарур шуморида шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба ҳалли дигар масоили умдаи минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим табодули афкор намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.