Акси нави полковники фирории тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Чанд рӯз қабл дар Твиттер акси нави собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов интишор шуд. Соли гузашта полковник ба сафҳои гурӯҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Давлати исломӣ» пайваста аз ин тасмимаш низ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ дода буд. Дар акс Гулмурод Ҳалимов бо як наврас, эҳтимол писари худаш тасвир ёфтааст, […]

Asia-Plus

Чанд рӯз қабл дар Твиттер акси нави собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов интишор шуд. Соли гузашта полковник ба сафҳои гурӯҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Давлати исломӣ» пайваста аз ин тасмимаш низ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ дода буд.

Дар акс Гулмурод Ҳалимов бо як наврас, эҳтимол писари худаш тасвир ёфтааст, ки ӯро аввали сол ҳамзисти полковник Ҳумайро Мирова ба Сурия бурда буд. Ин зан бо 4 фарзандаш озими Сурия гардида буд.

Акси нави Гулмурод Ҳалимов чанде рӯз пеш аз интишори рӯйхати афроди эҳтимолан ба Давлати исломӣ пайваста дар сомонаи ВКД Тоҷикистон пайдо шуд. Дар ин рӯйхат собиқ полковник низ ҳузур дорад.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимови 40-сола ба рӯйхати террористони таҳти таҳрими ИМА шомил шуд.

Охири моҳи май суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ду ҷияни Ҳумайро Мирова, ҳамсари дуюми полковники ба Давлати исломӣ фироркарда Гулмурод Ҳалимов, ҳар кадомеро ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Ёдрас мекунем, ки фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимови 40-сола ахири моҳи апрели соли 2015 бедарак шуд. Ӯ дар ҷойи кор пайдо нашуда, макони будубошаш ҳам ба касе маълум набуд. Расо баъди як моҳ полковник аз худ дарак дод. Дар шабака навори видеоии 12-дақиқаинаи муроҷиати Ҳалимов бо забони русӣ интишор шуд.

Дар ин навор ӯ ҳикоят кард, ки ба нишони эътироз алайҳи тарзу усулҳои кор дар ВКД ба сафи «Давлати исломӣ» пайвастааст. Ӯ ҳамчунин доир ба омодагӣ ва омӯзишаш дар давраҳои таълимӣ дар ИМА низ маълумот дода буд.

Қобили зикр аст, ки нисбат ба полковник дар Тоҷикистон мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер