Коршиносон: гирифтани изи ангуштон аз аҳолӣ қонунӣ аст

Ҳуқуқшиносони тоҷик бар ин назаранд, ки маъракаи оммавии гирифтани изи ангуштон аз аҳолӣ ҳеҷ яке аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро поймол намекунад. «Бақайдгирии дактилоскопӣ, ки имрӯзҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ гузаронида мешавад, ихтиёрӣ буда, ҳеҷ гуна поймолкунии қонуну озодиҳо шуморида намешавад», гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» раиси Кумитаи мудофиа ва амнияти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳуқуқшиносони тоҷик бар ин назаранд, ки маъракаи оммавии гирифтани изи ангуштон аз аҳолӣ ҳеҷ яке аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро поймол намекунад.

«Бақайдгирии дактилоскопӣ, ки имрӯзҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ гузаронида мешавад, ихтиёрӣ буда, ҳеҷ гуна поймолкунии қонуну озодиҳо шуморида намешавад», гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» раиси Кумитаи мудофиа ва амнияти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷӯрахон Маҷидзода.

Ӯ мутмаин аст, ки тадбири мазкур ба корҳои тафтишотӣ-ҷустуҷӯии мақомоти интизомӣ, масалан дар ошкор кардани шахсияти ҷасадҳо ва афроди бе ному нишон бедаракшуда ва шахсони гумонбар ба содир намудани ҷиноятҳо кумак мекунад.

«Ҳангоми дастрас намудани раводид ба ИМА низ аз одамон изи ангуштонашонро мегиранд, вале дар он ҷо касе намегӯяд, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандон поймол мешаванд», – қайд кард вакил.

Ба андешаи ӯ, дар шароите, ки ҷаҳон бо муқовимати бесобиқаи терроризми байнулмилалӣ рӯбарӯст, ин тадбир ба ҳифзи ҳаёт ва солимии худи шаҳрвандон нигаронида шудааст. «Касоне, ки назди қонун ҳеҷ гуноҳе надоранд, набояд аз ин тадбир нигаронӣ дошта бошанд», – илова кард номбурда.

Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов низ бо ақидаи вакил мувофиқ буда, қайд мекунад, ки таҷрибаи гирифтани изи ангуштон аз аҳолӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон роиҷ буда, ин ҷо ҳеҷ нақзи ҳуқуқҳои одамон ҷой надорад.

«Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон лозим аст, ки оид ба изи ангуштон пойгоҳи умумӣ дошта бошанд. Ба худи шаҳрвандон низ зимни гирифтани ҳуҷҷатҳо осонтар мешавад. Вақте аз онҳо дар маҳалҳои зисташон изи ангуштонашон гирифта мешавад, баъдан ҳангоми гирифтани дигар ҳуҷҷатҳо, ин кор барои онҳо зарур намешавад», – иброз дошт Ҳакимов.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон маъракаи оммавии бақайдгирии изи ангуштон (дактилоскопия) аз аҳолӣ ҷараён дорад. Айни замон ин маърака се ноҳия – Ҳисор, Рӯдакӣ ва Ваҳдатро фаро гирифтааст. Ин маросим пулакӣ буда, аз ҳар як шаҳрванди 4 сомонӣ гирифта мешавад. Боз касоне, ки дар бораи гирифтани изи ангуштонашон маълумотнома (справка) гирифтанианд, боз 1 сомонии дигар пардохт мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.