Охири сол нархҳо ба гази моеъ, ки дар Тоҷикистон сӯзишвории аз ҳама серталаб ба шумор меравад, боз боло мераванд.
Қобили зикр аст, ки дар робита ба афзоиши ҳаҷми содироти гази моеъ ба хориҷи кишвар, аз 1 июли соли равон Қазоқистон нархи онро беш аз 2 баробар боло бурд.
Қазоқистон яке аз кишварҳои асосии таъминкунандаи бозори Тоҷикистон бо гази моеъ маҳсуб меёбад. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 221,1 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст, ки ҳудуди 70% аз ҳаҷми умумии он ба Қазоқистон рост меояд.
Соҳибкорони тоҷик, ки ба воридот ва фурӯши гази моеъ дар ҷумҳурӣ машғуланд, болоравии нархҳо ба ин навъи сӯзишвориро мутақиман ба афзоиши нархҳо дар кишварҳои ҳамсоя нисбат медиҳанд ва алҳол аз воридоти он аз Қазоқистон даст кашиданӣ нестанд.