Дар Тоҷикистон шарҳи мухтасари таърихи Русия барои муҳоҷирони корӣ ба нашр расид.
Дастури таълимӣ барои аз ҷониби муҳоҷирони корӣ мустақилона омӯхтани таърихи Русия аз замонҳои қадим то замони муосир пешбинӣ шуда, ҳадаф аз таҳияи он кумак ба муҳоҷирони корӣ ҷиҳати огаҳӣ пайдо намудан аз таърихи ин кишвар аст.
Шакли электронии дастур дар сомонаи АМИТ «Ховар» қобили дарёфт аст.
Муаалифони дастур кӯшиш кардаанд, ки дар заминаи ҳаҷми зиёди адабиёт дар бораи таърихи Русия ҳарчи бештар маълумоти заруриро гирдоварӣ ва мазмуни асосии онро шарҳ дода, бо забони осону фаҳмо ба муҳоҷирон пешниҳод намоянд.
Дар муқаддимаи дастур гуфта мешавад, муҳоҷирати корӣ, ки дар ҷараёни он муносибатҳои мутақобилаи одамон ташаккул мебояд, набояд сарчашмаи як қатор мушкилот бошад.
«Мушкилоти бештар шадиди марбут ба муҳоҷирати корӣ мутобиқшавии иҷтимоӣ ва фарҳангии онҳост. Ин ба мушкилоти муҳими муосир – муносибатҳои байни миллатҳо алоқаманд буда, будубоши бароҳати муҳоҷирон ва муносибати дӯстонаву таҳаммулпазиронаи аҳолии маҳаллӣ ба онҳо, маҳз ба ҳалли ҳамин мушкилот вобаста аст», – зикр кардаанд муаллифони дастур.
Қобили зикр аст,ки соли 2015 дар қонунгузории муҳоҷирати Русия як қатор тағйиротҳо ворид шуда, мутобиқи он ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия хоҳиши кор кардан доранд, бояд аз забони русӣ, асосҳои қонунгузорӣ ва таърихи Русия имтиҳон супоранд.
Русия самти асосии ҷустуҷӯ ва дарёфти кор барои муҳоҷирони тоҷик аст. Бино ба маълумоти мақомоти муҳоҷирати ин кишвар, айни замон ҳудуди 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доранд.


